Санаи 13 марти соли 2020 дар асоси қарори Шӯрои шикоятии Идораи патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамғаи молии «ОИЛА» ҳамчун аввалин тамғаи молии маъруф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуда, ба Номгӯи тамғаҳои молии маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шуд.

   Тамғаи молии «Оила» ба ҶДММ «Оила» тааллуқ дошта, зиёда аз 20 сол аст, ки ҳамчун рӯзномаи маърифатию фарҳангиву фароғатӣ ва машваратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

   Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» ба сифати тамғаҳои молии маъруф тамғаҳо ё нишонаҳое эътироф шуда метавонанд, ки дар натиҷаи истифодабарии муттасил то санаи дар ариза зикршуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар байни истеъмолкунандагони муайян нисбат ба молҳои аризадиҳанда маъруф шуда бошанд.

   Ҳифзи ҳуқуқӣ ба тамғаи молии маъруф дар асоси қарори Шӯрои шикоятӣ, ки аз рӯи аризаи шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ қабул гардидааст, дода мешавад. Ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молии маъруф бемӯҳлат эътибор дорад.

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!