Санаи 25 июни соли ҷорӣ, бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои доираи васеи соҳибкорон, молистеҳсолкунандагон, ширкатҳои ватанӣ ва хоҳишмандон, тариқи реҷаи маҷозӣ (онлайн) дар мавзӯи «Моҳияти тамғаҳои молӣ ва нақши он дар рушди тиҷорат» вебинари иттилоотӣ баргузор гардид.
Муассиса тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ ба соҳаҳои дигари объектҳои моликияти саноатӣ вебинарҳои иттилоотиро баргузор намояд.