Санаи 29 июни соли ҷорӣ соати 13:00 бо вақти Душанбе видеосеминар дар мавзӯи «Тамоюлҳои муосир ва мушкилоти тиҷоратикунонии моликияти зеҳнӣ дар кишварҳои Қавқоз, Осиёи Миёна ва Аврупои Шарқӣ», ки аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) ва Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ (ТПАО) ташкил гардида буд, баргузор гардид.
Дар видеосеминар намояндагони як қатор Идораҳои патентӣ ва роҳбарони технопаркҳо, инчунин муассисаҳои илмии кишварҳои Қавқоз, Осиёи Миёна ва Аврупои Шарқӣ ширкат варзиданд.
Дар чорабинии мазкур мутахассисон бо тақдимҳо дар мавзуъҳои «Фаъолияти СУМЗ дар соҳаи тиҷоратикунонии моликияти зеҳнӣ», «Тамоюлҳои муосири ҳамкориҳо бо технопаркҳо дар мисоли маркази инноватсионии Сколково ва Маркази инноватсияҳо ва тиҷорати Донишгоҳи технологии Таллин» ва «Фаъолияти ИПАО» баромад намуданд.
Дар қисмати ҷамъбасти мизи мудаввар бо иштироки намояндагони Идораҳои патентӣ, муассисаҳои илмӣ ва технопаркҳо анҷом гирифт, ки дар он намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директори Идораи патентӣ Боев Б. ва Баҳроми Толиб ҳамоҳангсози Маркази интиқоли технологияҳо, таълим ва соҳибкории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баромад намуда ба ташкилкунандакони чорабини миннатдорӣ баён намуд ва доир ба корҳои анҷомдодашуда аз ҷониби Идораи патентӣ ва Маркази интиқоли технологияҳо дар самти тиҷоратикунонии моликияти зеҳнӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда, ҳамзамон пешниҳодҳои худро оид ба ҳамкориҳо мутақобила байни муассисаҳои дахлдори минтақа дар самти мубодилаи таҷриба ва иттилоот дар самти рушди соҳаи тиҷоратикунонии моликияти зеҳнӣ иброз намуданд.