Бахшида ба ҷашни «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва солҳои 2020-2040

«Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ»

ОЗМУНИ

«ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН

БАРОИ СОЛҲОИ 2019-2020» – ро 

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: 

НОМГӮИ ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРӢ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН:

 

1) Ариза барои иштирок дар озмун;

2) Варақаи шахсӣ ва нусхаи шиноснома;

3) Рӯйхати ихтирооти бо патент ё нахустпатент ҳифзшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё патенти Авруосиёгӣ бо ишораи Тоҷикистон, ариза(ҳо) барои додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қарори мусбии санҷиши моҳиятиро гирифтаанд;

4) Ҳуҷҷатҳои иловагӣ:

– санади татбиқи ихтироъ;

– ҳуҷҷати тасдиқкунандаи самараи иқтисодӣ (бо нишондоди маблағи фоида) ва ё иҷтимоӣ аз ҳар як ихтирои татбиқшуда.

Ҳуҷҷатҳо ба унвонии Кумитаи тадорукоти озмун бояд  ду нусха пешниҳод карда шаванд.

Ғолибонро ҷоизаҳои махсус ва туҳфаҳои хотиравӣ интизоранд!

Натиҷаҳои озмун дар ҷаласаи тантанавие, ки дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2021 гузаронида мешавад, ЭЪЛОН  карда мешаванд.

Аризаҳо барои иштирок намудан дар ОЗМУН то 19 марти соли 2021 бо нишонии: 734042, ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 14-а қабул карда мешаванд.

Телефонҳо барои тамос: 222-21-53; 93-111-20-40; 985-88-88-55.

Email: sorbon.info@gmail.com;   imnazaroff@gmail.com.

Маълумоти муфассал дар сомонаи Муассиса: www.ncpi.tj

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!