Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат –Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 26 январи соли 2021 баргузор гардид. Дар Паём тамоми роҳбарони вазорату идораҳо, сохторҳои дахлдор ва раисони шаҳру вилоятҳо иштирок намуданд.
Паёми Президент ба Парлумон – муроҷиати оммавии анъанавии ҳамасолаи Сарвари давлат ба ҳарду палатаи Парлумон аст, ки вазъи корҳоро дар мамлакат арзёбӣ намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян менамояд.