Санаи 25 феврали соли ҷорӣ Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) семинари миллӣ дар мавзӯи «Шартнома оид ба ҳуқуқӣ патенти»-ро тариқӣ маҷозӣ (фосилавӣ) баргузор намуд.

Семинари мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёмашон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои навоварон ва ихтироъкорони ҷумҳурӣ эълон гардидани солҳои 2020-2040, «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ», равона гардидааст.

Дар семинари мазкур, намояндагони СУМЗ ва як қатор давлатҳо, ихтироъкорон, намояндагони технопаркҳои кишвар, коршиносони Муассиса иштирок намуда, маърузаҳо доир ба «Шартнома оид ба ҳуқуқӣ патентӣ» ва таҷрибаи Идораи патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҳифзи ихтироот шунида шуд.

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!