Имрӯз дар Муассисаи давлатии « Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар, ки ҳамасола дар қаламрави Ҷумҳури санаи 8 – март ҷашн гирифта мешавад, маҷлиси тантанавӣ баргузор гашт.
Директори Муассиса муҳтарам Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек маҷлиси тантанавиро ифтитоҳ намуда, кулли бонувони марказро бо ин ҷашни пируз – Рӯзи модар табрику таҳният намуда, ба ҳар як хонадони онҳо дастархони пур аз нозу неъмат, саломатии бардавом ва рӯзгори осоиштаро таманно кардаанд.
Дар фарҷом қайд намудаанд, ки чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ бахшида ба Рӯзи Модар ироа намудаанд «Зан – Модар муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад».
Ид муборак модарони азиз!