Санаи 5 марти соли ҷори дар толори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар як қатор занҳои ихтироъкорони кишварамон, ки дар намоишгоҳои байналмилалӣ бо ҷоизаҳои баланд сарфароз гардида буданд дар фазои тантанавӣ аз ҷонибӣ роҳбарияти Муассиса қадрдонӣ карда шудаанд.
Чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон бахшида ба Рӯзи Модар доим қайд менамоянд «Бонувони мо дар корҳои давлатдорӣ, ихтироъкорӣ, сиёсатмадорӣ низ фаъол буда, барои пешрафти ҷомеа ва давлат баробари мардон талош менамоянд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон фаъолона ширкат варзида, ба хотири пешрафти давлатамон рисолати созандагии худро бо садоқату устувории модаронаи худ идома медиҳанд.