Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Наврӯзи оламафрӯз чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Директори Муассиса муҳтарам Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек зимни иштирок дар чорабинии мазкур, кулли кормандони Муассисаро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай, ки паёмовари баҳори нозанин мебошад, табрику таҳният гуфта, ба ҳозирин тандурустиву офияти рӯзгор, оромиву осоиш, хонаи ободу осуда ва дар ҷодаи фаъолияти босамару пурмасъулият барору комёбиҳои нав ба навро таманно намуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бо майлу ташаббуси фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи оламафрӯз ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфта имрӯз дар саросари кишварҳои ҷаҳон ҳамчун ҷузъи тамаддуниумумибашарӣ, шукуфоию сарсабзӣ ва пирӯзии нур бар зулмот таҷдил мегардад.

Ҷашни Наврӯз яке аз қадимтарин ва муқаддастарин оинҳои ниёгони мо буда, фарорасии он аз омадани фасли баҳор ва оғози соли нави аҷдодӣ мужда мерасонад. Баргузории Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ моро вазифадор менамояд, ки расму оинҳои неки наврӯзии замонҳои куҳанро аз нав эҳё намуда, ба онҳо шукӯҳу шаҳомати тоза бахшем.

Наврӯз муборак ҳамдиёронӣ азиз!

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!