Идораи патентии авруосиёгии Ташкилоти патентии авруосиёгӣ бо мақсади тарғиби низоми патентии авруосиёгӣ ва ба муносибати 25-умин солгарди Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ, инчунин дастгирии наврасону ҷавонони болаёқат ва болоравии рағбати онҳо ба дарки моликияти зеҳнӣ ва фаъолияти навоварию ихтироъкорӣ Универсиадаи дуюми патентии Авруосиёгии «Взгляд в будущее (Нигоҳ ба сӯи оянда)» аз санаи 15 октябри соли 2020 то 28 феврали соли 2021 эълон намуда буд.
Вобаста ба ин, ҷиҳати тарғиб ва эълони баргузории Универсиадаи мазкур Муассиса ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилотии ҷумҳурӣ, Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва ҳамзамон тариқи почтаҳои электронии муассисаҳои дахлдор ва почтаҳои мавҷудбудаи навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон маълумот равон намуд. Илова ба ин, маълумоти муфассал дар сомонаҳои www.tajpatent.tj ва www.innovation.tj ҷойгир карда шуд.
Дар ин давра ҳуҷҷатҳои 13 нафар наврасону ҷавонон барои иштирок дар Универсидаи зикршуда ба тартиб даровардашуда ба Идораи патентии авруосиёгӣ ирсол карда шуданд.
Санаи 30 марти соли ҷорӣ Универсиадаи мазкур дар шаҳри Москва-и Федератсияи Россия ҷамъбаст гардида, ғолибон эълон карда шуданд.
Ҳамин тавр аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди корҳои эҷодӣ, наврасону ҷавонони зерин аз рӯи номнатсияҳои дахлдор соҳиби ҷоизаҳои байналмилалӣ гардиданд:
Номинатсияи:«Мо насли Д. Менделеев ҳастем. Химикчӣ? Бале! Мо давомнокии умрро зиёд хоҳем кард! »;Сазовори “Ҷойи аввал”
ОБИДОВ БЕҲЗОД АМИНОВИЧ
«Пешгӯии дараҷаи истихроҷи ионҳои аммоний аз оби ифлос бо истифода аз шабакаи автоматикунонидашудаи STATISTICA»(Прогнозирование степени извлечения ионов аммония из сточных вод с применением автоматизированной электронной сети STATISTICA)
ИСМОИЛЗОДА СИТОРАИ СОДИҚ
«Синтез ва тадқиқот дар асоси ди- ва триэфирҳои глицерин»
(Синтез и исследования на основе ди- и триэфиров глицерина
ҲАФИЗОВ ОРЗУ ЗИЁВУДИНОВИЧ
Баробарии фазавии системаи Na, K // SO4, CO3, HCO3, F-H2O дар 0 С дар минтақаи кристаллизатсияи каробит (KF)»
(Фазовые равновесия системы Na, K//SO4, CO3, HCO3, F-H2O при 0 С в области кристаллизации кароббиита (KF))
ХОДИЕВА ҶОНОНА БАХТИЁРОВНА
«Хусусияти химиявӣ ва биологии пайвастагии мураккаби руҳ бо мерказолил»
(Химическое и биологическое свойство комплексного соединения цинка с мерказолилом)
Номинатсияи:«Мо насли Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ҳастем. Мо ҷилди шашуми “Қонуни илми тиб”-ро роҳандозӣ менамоем! »
Сазовори “Ҷойи дуюм”
ИНОЯТЗОДА ГУЛАФЗОИ ШЕРАЛИ
«Коркарди кислотаҳои гуминӣ аз ангишти қаҳваранги маҳаллии Тоҷикистон»«Разработка гуминовых кислот из бурого угля местного Таджикистана»
Бо “Диплом”-и Универсиада сарфароз гардонида шуданд:
РАҲМОНОВ АФЗУНМЕҲР УСМОНАЛИЕВИЧ
«Таҳияи таркиб ва технологияи ҳамбаҳои зиддиилтиҳобии “САЛВИТ” дар асоси ашёи хоми растанӣ»
дар асоси ашёи хоми растанӣ»
Разработка состава и технологии таблеток “САЛВИТ” противовоспалительного действия на основе растительного сырья
ХАЛИЛОВА МЕҲРОНА ФАРРУХОВНА
«Таъсири стресс ба организми каламушҳо бо фаъолияти гуногуни рафторӣ ба моделҳои гуногуни таъсири стресс»
«Стрессорные воздействия на организм крыс с разной
поведенческой активностью на разных моделях стрессорных воздействий»
Номинатсияи: «Мо насли Н.Тесла ҳастем. Тамоми қонунҳои табиат дар дасти мост»;
Бо “Диплом”-и Универсиада сарфароз гардонида шуданд:
ҶУРАБОЕВ МУҲАММАДАЛИ ФАРМОНКУЛОВИЧ
«Датчикҳои лазерии ҷойивазкунӣ дар асоси композитҳои булӯрии полимерӣ ва моеъ»
«Лазерный датчик смещения на основе полимерно-жидкокристаллических композитов»
МИРЗОМАҲМУДОВ АЗИМҶОН РУСТАМОВИЧ
«Ҳалли дастгоҳии инноватсионӣ барои коркарди маҳсулоти нақлиёти муосири суръатноки роҳи оҳани шаҳр»
«Инновационные инструментальные решения для обработки изделий современного высокоскоростного городского рельсового транспорта