Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо Озмуни навбатии ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон»-ро таҳти шиори «Ҷавонон муҳаррики инноватсия» баргузор менамояд.
Мақсади асосии баргузор намудани Озмун, ин дарёфт намудани истеъдодҳои ҷавон, тарғибу ташвиқи соҳа дар байни толибилмон, донишҷӯён, унвонҷӯён, ҳамчунин дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ҷавонони лаёқатманди дорои қобилияти зеҳнии эҷодӣ ва ба фаъолияти навоварию ихтироъкорӣ шавқу рағбат дошта мебошад.
Иштирокчиён ва ғолибони Озмун бо ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравӣ ва дигар ҳавасмандгардониҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
Ҳамзамон натиҷаҳои зеҳние, ки лоиҳаҳои ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд дар сомонаи Интернет-портали миллии инноватсионӣ www.innovation.tj ва дигар сомонаҳои дахлдор, ҷиҳати муаррифӣ ба ҷомеа бо мақсади дарёфти сармоя барои дар амал татбиқ намудани он ҷойгир карда мешаванд.
Дар баробари ин, маълумоти мазкур бевосита ба шарикони рушд ва бахши хусусӣ (корхона ва ширкатҳои истеҳсолию хизматрасон) муаррифӣ карда мешаванд.
Шартҳои иштирок дар озмун ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:
– синну соли довталаб то 30 сола;
– нусхаи шаҳодатномаи таваллуд ё шиноснома;
– тарҷумаи ҳоли иштирокчӣ;
– маълумот оид ба лоиҳаи пешниҳодшаванда, ки хусусияти навоварӣ ё ихтироъкорӣ дорад (дар якҷоягӣ бо суратҳо, нақшаҳо ва дигар маводҳо дар шакли матн).
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон то 17 сентябри соли 2021 муқаррар карда шудааст.
Телефонҳо барои тамос: 2222153, 985888855, 931112040.
Почтаи электронӣ: ozmun@ncpi.tj