Санаи 12- уми апрели соли 2021, ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои маъмурии ташкилоти патентии Авруосиёгӣ тариқи маҷозӣ (фосилавӣ)  бо иштироки намояндагони давлатҳои аъзо баргузор гардид.

Дар ҷаласа як қатор масъалаҳо, махсусан санадҳои меъёрии ҳуқуқии низоми намунаи саноатии Идораи патентии Авруосиёгӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, нисбати онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Қабули аризаҳо вобаста ба намунаҳои саноатӣ аз тарафи Идораи патентии Авруосиёгӣ дар асоси «Протокол оид ба ҳифзи намунаҳои саноатӣ» аз санаи 1- уми июни соли ҷорӣ мавриди амал қарор дода мешавад.

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!