Санаи 15-16 апрели соли 2021, Форуми якуми Осиёи Марказӣ оид ба моликияти зеҳнӣ “IP Central Asian Forum 2021” тариқи маҷозӣ (фосилавӣ) баргузор гардид.
Форуми мазкӯр марбут ба ҳифз ва ҳимояи моликияти зеҳнӣ дар Осиёи Марказӣ бахшида шуда буд.
Дар ин Форум намояндагони як қатор кишварҳо аз қабили Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Россия, Украина, Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Инчунин дар рафти Форуми мазкӯр намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла Хадамоти гумрук, Палатаи савдо ва саноат, Маркази миллии патенту иттилоот (Идораи патентӣ) ва намояндагони патентӣ, ки ба масъалаҳои моликияти зеҳнӣ рабт доранд бо маърӯзаҳо ва тақдимҳо баромад намуданд.