Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилооти»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, сиёсати хирадмандона ва иқдомҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба навоварию ихтироъкорӣ, ҳамзамон баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокии онҳо оид ба мафҳум ва моҳияти навоварию ихтироъкорӣ ва иттилоотонии онҳо вобаста ба соҳа силсила семинар-машваратҳои омӯзиширо барои донишҷӯён, омӯзгорон, аспирантҳо ва унвонҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Хатлон роҳандозӣ намуд.
Семинар-машваратҳо санаҳои 9-ум то 10-уми моҳи июни соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар доираи – «Асосҳои моликияти зеҳнӣ» баргузор шуданд.
Мутахассисони Муассиса барои иштирокчиён оид масъалаҳои «Моҳияти моликияти зеҳнӣ ва объектҳои он», «Ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Ихтироъ – мафҳум ва моҳияти он», «Намунаи саноатӣ – мафҳум, моҳият ва ҷабҳаҳои иқтисодии он», «Моҳияти тамѓаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ», «Низоми байналмиллалии бақайдгирии тамѓаҳои молӣ (Низоми Мадрид)», «Кашфиёт – пешниҳоди ратсионализаторӣ – ихтироъ – инноватсия: фарқият ва ҳамгироии онҳо» ва«Тарзи тартибдиҳӣ ва пешниҳоди ариза барои гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ (Қисмати амалӣ)» тариқи руноамоҳо маълумот маълумот пешниҳод намуданд.
Яке аз натиҷаҳои мусбати ҷараёни баргузории семинарҳо ин фаъъолнокии иштирокчиён дар пешниҳоди саволҳои зарурӣ ва муҳокимарониҳо буд.
Саволҳо ва пешниҳодҳои иштирокчиён бештар ҷиҳати тартиби ба даст овардани ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ ба ихтироъ, ҷустуҷӯи патентӣ, раванд ё худ имкониятҳои бақайдгирии барномаҳои компютерӣ (ҳамчун захираи иттилоотӣ) ва тааллуқ доштанд, ки дар навбати худ аз ҷониби мутахассион ба онҳо ҷавобҳои муфассали дахлдор гардонида шуд.
Пешниҳодҳои иштирокчиён бештар ба ҷоннок кардани раванди бақайдгирии барномаҳои компютерӣ, ташкили шароитҳои бароипешниҳои электронии аризаҳо барои гирифтани патент ба ихтироъ ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ ба объектҳои моликияти саноатӣ, ва ҳамазмон бештар кардани семинар-машваратҳои монандро низ дар бар мегирифт.