Имрӯз бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Завқизода Завқӣ Амин ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Муассиса дар нимсолаи аввали соли 2021, баргузор гардид.
Ҷаласаро Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин ифтитоҳ намуда, вобаста ба фаъолияти нимсолаи аввали соли 2021 барои пешниҳоди рӯнамо суханро ба Директори Муассиса Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек доданд.
Тибқи рӯнамои пешниҳодгардида, маълум гардид, ки дар нимсолаи соли 2021 ба Муассиса 5 адад ариза барои гирифтани патент ба ихтироъ (1 адад зиёд нисбат ба соли гузашта), 76 адад ариза барои гирифтани нахустпатент ба ихтироъ (нисбат ба соли гузашта 15 адад зиёд) ва 1 адад ариза барои гирифтани патенти авруосиёгӣ (1 адад кам нисбат ба соли гузашта), ворид гардид.
Дар натиҷаи гузаронидани экспертиза, 41 қарор барои додани нахустпатент ба ихтироъ, 4 қарор барои додани патент ба ихтироъ, 2 қарор дар бораи радди додани нахустпатент ба ихтироъ ва 1 қарор дар бораи радди додани патент ба намунаи саноатӣ бароварда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ тибқи низоми Гаага бо нишондоди Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 ариза оид ба намунаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ аз давраи воридшавӣ ба Созишномаи Гаага 816 адад ариза тариқи ин низом бо интихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст ва айни замон 585 адади он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзпазир гардидаанд. Шумораи патентҳои авруосиёгӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор доранд 6524 ададро ташкил медиҳад.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои ба қайд гирифтани тамғаҳои молӣ 302 ариза ба Муассиса ворид шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 45 адад зиёд мебошад. Аз теъдоди аризаҳои воридгардида, 132 ариза ба аризадиҳандагони миллӣ ва 170 ариза ба аризадиҳандагони хориҷӣ тааллуқ доранд.
Дар натиҷаи гузаронидани санҷиши нишонаҳои арзшуда нисбат ба 306 ариза (бо назардошти аризаҳои солҳои гузашта) қарорҳои дахлдор қабул карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 адад зиёд мебошад. Аз қарорҳои қабулгардида 35 қарори рад (аз он ҷумла, 9 адад қисман рад, 37 адад бе ҳифзи унсурҳои муайяни тамға (дискломатсия) ва 271 адад бо пуррагӣ қабул карда шудаанд.
Дар ин давра бо расмиёти бақайдгирии байналмилалӣ ба Муассиса 1083 дархост барои бақайдгирии тамғаи молӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 483 адад кам мебошад. Аз ин 1261 дархост санҷиши нишони арзшударо гузаштааст. Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо аз теъдоди дархостҳои воридшуда 783 дархост ба қайд гирифта шуда, 258 дархост пурра рад карда шудааст, 173 дархост бе ҳифзи унсурҳои муайяни тамға (дискламатсия), 87 дархост қисман ба қайд гирифта шудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи кормандони Раёсат 317 рисолаҳои номзадӣ, 28 рисолаи доктори Phd, 22 рисолаи докторӣ дар маҷмуъ 367 адад рисолаҳои илмӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 157 адад ё 43 фоиз зиёд гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ, хазинаи китобхона бо 28406 нусха пурра гардонида шуд, ки аз ин миқдор 27054 нусхаро тавсифи ихтироот ташкил медиҳад.
Инчунин қайд гардид, ки Дар нимсолаи аввали соли 2021 ба Муассиса дар маҷмуъ 3976 ҳуҷҷат ворид гардида, 3548 ҳуҷҷат содир карда шудааст, аз ҷумла аз вазорату идораҳо 348 ҳуҷҷат ворид гардида, ба 225 ҳуҷҷат мактубҳои ҷавобӣ ирсол гардидааст, ки аз ин 63 ҳуҷҷат ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо дахл дорад.
Муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин дар фарҷоми ҷаласа дар маҷмуъ фаъолияти нимсолаи Муассисаро бо назардошти дастовардҳо, мусбӣ арзёбӣ намуданд ва аз рӯи натиҷаи бадастомада ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ дастуру супоришҳои дахлдор доданд ва ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳа ба кормандони Муассиса роҳнамои намуданд.