Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилооти»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, сиёсати хирадмандона ва иқдомҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тарғибу ташфиқи моликияти зеҳнӣ ва нақши он дар ҳаёти ҷомеа санаҳои 15-16 июли соли ҷорӣ семинар-машваратҳои фаҳмондадиҳиро барои соҳибкорон ва истеҳсолкунандагон ва ҳамзамон кормандони муассисаҳои дахлдори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор намуд.

Қайд кардан зарур аст, ки тайи солҳои охир таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорони кишвар махсусан истеҳсолкунандагон хело зиёд гаштааст. Вобаста ба ин, Пешвои миллат дар Паёми худ (26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе) саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд ва баргузори семинар машваратҳо дар доираи мавзуъҳои ба воситаҳои фардикунонӣ ва натиҷаҳои зеҳнии ба беҳсозии сифат ва шакли зоҳирии молу маҳсулот равонагардида ба сохибкорон имкон медиҳад, ки оид ба нозукиҳои соҳа маълумоти дахлдорро азхуд намуда дар бозор бо омодаги ба талаботҳои замонавии истеъмолкунандагон мавқеи худро ёбанд.

Вобаста ба ин, чорабинӣ дар шаҳри Хоруғ роҳандози шуда, дар доираи он ба иштирокчиён оид ба «Мафҳуми моликияти зеҳнӣ ва объектҳои он», ҳамзамон вобаста ба моҳияти ихтироъ, намунаҳои саноатӣ, тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ, ишораҳои ҷуғрофӣ ва дигар объектҳои моликияти зеҳнӣ  ва нақши онҳо дар пешравии истеҳсолот ва рушди тиҷорат маълумот дода шуд.

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!