Санаҳои 9-10 августи соли 2021 дар қароргоҳи Ташкилоти Патентии Авруосиёгӣ (ТПАО) дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи сию ҳаштум (ёздаҳуми ғайринавбатии) Шӯрои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ баргузор гардид.
Дар корӣ ҷаласа аъзоёнӣ ҳамаи кишварҳои узви Конвенсияи Патенти Авруосиёгӣ (КПАО), инчунин ҳайати Ташкилоти Патентии Авруосиёгӣ (ТПАО) иштирок намуданд.
Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корӣ Шӯрои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои маъмурии ТПАО Исмоилзода М. Ҳ. иштирок намуданд.
Масъалаи асосии рӯзномаи ҷаласа ин интихоботи номзадҳо ба вазифаи Президенти Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ (ТПАО) буд. Кишварҳои узви Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ се номзадро барои баррасӣ пешниҳод намуданд: Григорий Ивлиев – аз Федератсияи Россия, Динара Молдошева – аз Ҷумҳурии Қырғизистон ва Сауле Тлевлесова – аз Ҷумҳурии Қазоқистон.
Тибқи натиҷахои овоздиҳии Шӯрои маъмурии ТПАО номзадии сардори Хадамоти федералии моликияти зеҳнии Федератсияи Россия Ивлиев Григорий Петрович ба вазифаи Президенти ТПАО интихоб карда шуд.
Ваколатҳои Ивлиев Г.П. аз 11 феврали соли 2022 эътибор пайдо мекунанд.