Имрӯз дар толори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоти» Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриамон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабинии тантанавиро Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ифтитоҳ намуда, кулли кормандони Муассисаро бо ин ҷашни пируз табрик карда, зикр карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон кард, ва бо ин саҳифаи наве дар ҳаёти мардуми мо кушода шуд. Дар ин замина мо бояд ба ваҳдату истиқлолияти кишварамон ҳамчун дастоварди бузурги миллӣ арҷу эҳтиром дошта бошем.

Пас аз ин сухани табрикоти ба Директори Муассиса Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек пешкаш карда шуд.

Дар навбати худ, муҳтарам Мирзо Ҳайдарбек қайд намуданд, ки Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили аслии рушду тараққӣ ва заминасози ҳузур дар арсаи ҷаҳонӣ ҷиҳати инкишоф ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад.

Боиси сарфарозиест, ки мардуми шарифи азизамон бо дарки амиқи масъулияти баланди худ эҳсос менамоянд, ки бо шарофати Истиқлолият ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Точикистон дар тули 30 сол роҳи пуршарафро тай намуд. Ин дастоварди беназир водор менамояд, ки ба қадри ин неъмати бузург расида, барои ҳифзи он ҳамеша кӯшиш намоем.

Ҳамзамон дар чорабинии мазкур Муовини якуми мақомоти иҷроияи ҳукумати н.Шоҳмансури ш.Душанбе Абдуссатор Ҷабборӣ, муовини Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар н.Шоҳмансур Дилбар Абдураҳимова ва шоири ширинкамол, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Назокат Олимзода ширкат варзида, хурсандии кормандони Муассисаро ҳамроҳӣ намуданд.

Дар фарҷомӣ чорабинӣ, як қатор кормандони Муассиса ва намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриамон бо ифтихорномаҳо, медалҳо ва нишони фахрии Муассиса сарфароз гардонида шуданд.

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!