Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ дар мавзӯи  «Муаррифии ихтироот ба истеҳсолот» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур ихтироъкорони соҳаи кишоварзӣ ва байторӣ, соҳибкорону ширкатҳои ватанӣ ширкат варзиданд. Мақсад аз баргузор намудани чорабинии мазкур дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва иҷрои ҳадафи чоруми миллии кишвар, саноатикунонии босуръат, алоқамандии илм ба истеҳсолот ва ҳавасмандии ихтироъкорон мебошад.

Бояд қайд намуд, ки 9 нафар ихтироъкорони барҷаста аз қабили Баҳриев Суҳбатҷон Ҳусейнович, Сафаров Мамадҷон, Саидов Давлаҳмад Аҳмадович, Баҳодуров Шукрулло Бурҳонович, Рашидов Наим, Салимов Қурбоналӣ, Зуурбекова Ойбегим, Муминов Абдулло ва Шарифов Маҳмадулло Азизович бо пешниҳоди зиёда аз 14 ихтироъ тавассути тақдимҳо дар бораи ихтироҳои офаридаи худ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!