Санаи 4 октябри соли 2021 дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Муассиса муҳтарам Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек ва намояндаи ташкилоти ғайритиҷоратии австриягии «Hilfswerk International» баргузор гардид.

Дар вохурии мазкур коршиноси байналмилалии ширкати REDD  Паскал Бернардони, намояндаи ташкилоти ғайритиҷоратии австриягии «Hilfswerk International» Стоянка Манолчева ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Дар вохӯрии мазкур ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ишораҳои ҷуғрофӣ ва бақайдгирии он бо мақсади заминагузорӣ дар рушди содиротии маҳсулотҳои миллӣ мубодилаи афкор намуданд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!