20 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус тариқи иштироки бевосита ва маҷозӣ Конфронси байналмилалии илмию-амалӣ “Моликияти зеҳнӣ дар ҷаҳони муосир: мушкилоти замон ва дурнамои рушд” баргузор гардид.

Конфронс аз ҷониби Маркази миллии моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Беларус дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии илм ва технологияи Ҷумҳурии Беларус ташкил карда шуд.

Дар конфронси мазкур намояндагони Идораҳои патентии як қатор кишварҳо, СУМЗ, ТПАО, донишгоҳҳои Беларус ва хориҷӣ, кормандони ташкилотҳои илмӣ, ходимони давлатӣ, мутахассисони амалкунандаи соҳаи моликияти зеҳнӣ ширкат варзиданд.

Ҳадафи ташкил намудани конфронс  ин таҳлили вазъ, мушкилот, тамоюлҳои рушди масъалаҳои моликияти зеҳнӣ дар соҳаи ҳуқуқ, иқтисод, идоракунии давлатӣ, системаи иттилооти илмӣ – техникӣ, иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои фаъолият дар Ҷумҳурии Беларус ва хориҷа, инчунин дурнамои рушди моликияти зеҳнӣ дар ҷаҳони муосир мебошад.

Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси мазкур Директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек иштирок намуда, дар бораи танзими ҳифзи ҳуқуқӣ ва ҳимояи моликияти зеҳнӣ ва самтҳои рушди соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  суханронӣ намуданд.

 

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!