Имруз дар толори Муассисаи давлатии « Маркази миллии патенту иттилоот» -и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рузи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Вобаста ба аҳамияти Конститутсия – Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки «6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқӯъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъолонаи шаҳрвандони тамоми ҷумҳурӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад».

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминагузори низоми нави давлатдории миллӣ, таҳкимбахши нақш ва мақоми ҳокимияти давлатӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мамлакат ва арсаи байналмилалӣ, инчунин таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва адолати судиву иҷтимоӣ мебошад.

Конститутсия яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибихтиёрии давлат маҳсуб гашта, хусусиятҳои хоси давлатдории миллии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро таҷассум менамояд ва дар худ моҳияти тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеаи тоҷиконро ифода менамояд.

Рузи Конститутсия муборак ҳамватанони азиз!

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!