Санаи 5 ноябри соли ҷорӣ дар доираи ҳамкориҳои судмандӣ Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи ҷавонон аз маҳфили доимамалкунандаи «Илм фуруғи маърифат»-и Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони пешвои миллат» ба Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ташриф оварданд.
Дар доираи боздиди худ, ҷавонон ҳамзамон аз кафедраи умумидонишгоҳии «Ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ» ва Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассиса, ки дорои адабиёти соҳаи техникӣ ва иттилооти патентӣ мебошад низ дидан намуда, дар вохӯрӣ бо устодони кафедра ва мутахассисони самти моликияти саноатӣ бо фаъолияти онҳо шинос шуда суҳбатҳои муфидро анҷом доданд.
Қайд кардан зарур аст, ба қатори ташрифи хусусияти шиносоӣ ва экскурсионӣ дошта аз ҷониби устодони кафедраи умумидонишгоҳии «Ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ» ва мутахассисонӣ Муассиса барои ҷавонон Семинар-тренинги омӯзишӣ ба таври фишурда баргузор карда шуд, ки дар ҷараёни он вобаста ба мавзуъҳои «Моҳияти моликияти зеҳнӣ ва объектҳои он», «Ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Ихтироъ – мафҳум ва моҳияти он», «Намунаи саноатӣ – мафҳум, моҳият ва ҷабҳаҳои иқтисодии он», «Моҳияти тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ», «Нақши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар офаридани ихтироъҳо ва дигар объектҳои моликияти зеҳнӣ» ва дигар мавзуъҳои дахлдор тариқи рунамоҳо маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Дар анҷоми чорабинӣ ҷавонон аз ташрифи худ изҳори қаноатманди намуда, вусъат бахшидани чорабиниҳои омӯзиширо дар самти моликияти зеҳнӣ барои ҷавонон зарурӣ арзёбӣ намуданд.