Имруз дар толори Муассисаи давлатии « Маркази миллии патенту иттилоот» -и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рузи Парчами давлатӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардида, дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ қабул гардид.

Парчами давлатӣ — ин рамзи ҳокимияти давлатӣ буда, мустақилият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлат ифода мекунад.

Чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомали Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба муносибати Рӯзи Парчами давлати қайд намуданд, «Имсол мо Рӯзи Парчами давлатиро дар соли барои тамоми мардуми Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сисолагии истиқлолу озодии Ватанамон таҷлил мекунем. Дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ зери парафшонии Парчами давлатӣ дар кишвари мо даҳҳо иншооти бузурги аср ва садҳову ҳазорҳо иншооти муҳимми истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд гардиданд, ки ҳамаи онҳо самараи заҳмати ватандӯстонаи сокинони мамлакат буда, ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори давлат ва ба таври бесобиқа ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон мусоидат намудем».

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон партавфишонӣ намуда, ҳамчун нишон аз истиқлолияти давлатию миллӣ, халқу миллати Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, дар бинои Созмони миллали муттаҳид ва дигар созмону ташкилот ва муассисаҳои бузурги ҷаҳонию минтақавӣ дар радифи парчамҳои дигар давлатҳои олам аз Тоҷикистони соҳибистиқлол иттилоъ медиҳад.

Бигзор Парчами давлатӣ болои сари миллату давлати тоҷикон абадан ҷилвагар ва парафшон бошад.

 

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак ҳамватанони азиз!

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!