Имрӯз бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Моликияти зеҳнӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ» ва маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Озмун-Фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти шиори «Ҷавонон муҳаррики инноватсия» баргузор гашт.
Ҳамзамон дар ҳошияи конференсияи мазкур маҳсули зеҳнии наврасон ва ҷавонони иштирокчиёни озмун ба намоиш гузошта шуд.
Конференсияро Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Восидиён Фарҳод Саъдулло кушода, қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии кишвар яке аз роҳҳои афзалиятноки таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишварро, таҳкими рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ арзёбӣ намуда, ҷалби афроди лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, баланд бардоштани савияи дониш, иттилоотнокии ҷомеа, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳоро дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷа муайян намудаанд.
Дар конференсияи мазкур Муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршоев Зеваршо Тайғуншоевич, Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод, Директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек иштирок намуда, вобаста ба дастовардҳои самтҳои гуногуни моликияти зеҳнӣ суханронӣ намуданд.
Инчунин дар чорабинии мазкур ихтироъкорон, соҳибкорон, навоварони ҷавон ва намояндагони донишгоҳои кишвар иштирок намуданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди иқтисодиёти миллӣ ва баланд бардоштани мавқеи ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ дар самти моликияти зеҳнӣ як қатор тадбирҳо андешида, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Қобили зикр аст, ки яке аз шохаҳои бузурги таконбахш барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ дар ҷаҳони муосир, тақвиятбахшии соҳаи моликияти зеҳнӣ маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки аз 1 июни соли 2021, №210 «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул карда шуда, яке аз вазифаҳои стратегияи мазкур ҷиҳати рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ рушди самти ихтироъкорию навоварӣ, дастгирии афроди лаёқатманд дар кишвар мебошад.
Соли ҷорӣ Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ Озмун-Фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти шиори «Ҷавонон муҳаррики инноватсия»-ро ташкил ва баргузор намуд, ки дар конференсияи мазкур маросими ҷоизасупории ғолобони Озмун-Фестивал баргузор гашт.
Мақсади асосии баргузор намудани Озмун, дарёфт намудани истеъдодҳои ҷавон, тарғибу ташвиқи соҳа дар байни толибилмон, донишҷӯён, унвонҷӯён, ҳамчунин дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ҷавонони лаёқатманди дорои қобилияти зеҳнии эҷодӣ ва ба фаъолияти навоварию ихтироъкорӣ шавқу рағбат дошта мебошад.
То санаи ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Озмун 100 ариза бо пешниҳоди лоиҳаҳо, дастовардҳо ва ихтироотҳо ба Комиссияи озмун пешниҳод карда шуд. Тибқи талаботи Низомномаи Озмун бинобар ба талаботҳои Озмун ҷавобгӯ набудани 44 ариза бозхонд гардида 56 ариза ба Ҳакамони Озмун пешниҳод карда шуд. Тибқи қарори Ҳакамони Озмун дар наминатсияи наврасони то синни 14 сола 3 нафар ва дар наминатсияи ҷавонони аз 15 то 30 сола 3 нафар бо гирифтани ҷойҳои намоён бо «Дипломҳо» ғолиби озмун дониста шуданд. Ҳамчунин як нафар дорандаи нахустпатент ба ихтироъ бо «Нишони Идораи патентӣ» сарфароз гардонида шуд.
Мутобиқи қарори Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» наврасон ва ҷавонони зерин бо чунин ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд:
Дар номинатсияи наврасони то 14 сола.
Бо Дипломи дараҷаи сеюм, хонандаи синфи 8-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66-и н. Сино, ш. Душанбе, Хаменя Руслан Алишерович;
Бо Дипломи даравҷаи дуюм, хонандаи синфи 8-уми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №51 ба номи Т.Мирзовалиеви вилояти Суғд, ноҳияи Ашт, Умаров Диёрбек Диловарович;
Бо Дипломи Дараҷаи аввал, Хонандаи синфи 7-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14 ба номи Алишер Навоӣ, деҳаи Кабудсанги ҷ/д Халифа Ҳасан, ш. Панҷакент, Ойматов Дилшодҷон Одилович;
Дар номинатсияи ҷавонони аз 15 то 30 сола.
Бо Дипломи Дараҷаи сеюм, истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар хонандаи синфи 10-и муассисаи миёнаи умумии №2 ба номи профессор Роҳат Набиева, Ҷалилов Исломҷон Абдураҳимҷонович;
Бо Дипломи Дараҷаи дуюм, Донишҷӯи бахши 1-уми МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»-и факултети кори тиббии ташхисӣ Ғуломов Нарзулло Шералиевич;
Бо Дипломи Дараҷаи аввал, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, ҷ/д Чортеппа, маҳаллаи Ҷуйбодом, донишҷӯи курси 1-уми шуъбаи магистратураи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва лаборанти кафедраи физикаи Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, Алиев Рустам Файзалиевич;
Бо «Нишон»-и Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон саромӯзгори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, ҳамзамон ғолиби озмуни даври якум, дуюм ва сеюми “озмуни Ҷумҳуриявии Илм-фурӯғи маърифат” дар наминатсияи ихтироъкорӣ намоянда аз вилояти Хатлон Ҷаҳонгири Абдулвоҳид.
Ҳамчунин, ғолибони озмун аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдони карда шуданд.
Дар баробари ин, ғолибони Озмун-Фестивал аз ҷониби шарикони чорабини аз қабили ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон», ҶДММ «Ҳимоя», ҶДММ «Сафар-Ориён», ва ширкати «FIFTYFIVE Group» бо мукофотпулиҳо ҳавасманд карда шуданд.
Бо ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз баҳри наврасону ҷавонон барои рушди фаъолияти эҷодкорӣ, навоварӣ ва ихтироъкорӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ қайд намуданд: «Имрӯз зарурати таърихие пеш омадааст, ки аз миёни наврасону ҷавонон лаёқатмандонро ҷустуҷӯ намоем. Барои ташаккули ҳаматарафаи шахсияти онҳо шароит муҳаё гардонем. Нерӯи созандаашонро ба фатҳи қуллаҳои нави илму техника ва фарҳанг ҳидоят созем».
Дар доираи Конференсияи ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пайвасти ихтироот ба истеҳсолот чорабинии «Муаррифии ихтироот ба истеҳсолот» баргузор шуд, ки ихтироъкорон ба молистеҳсолкунандагони ватанӣ натиҷаҳои зеҳнии худро, яъне ихтироъҳои сабтнамудаи худро бо назардошти самараи иқтисодӣ пешкаш намуданд.
Дар охир байни соҳибкорон ва ихтироъкорон мубодилаи афкор карда шуд.