Санаи 10 январи соли ҷорӣ  ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Муассиса дар соли 2021 баргузор гардид.

Дар чаласа муовини сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Муассиса ва кулли кормандон иштирок намуданд.

Муассиса бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои Нақшаи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», Нақшаи кори Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 бо мақсади  ҷалби афроди лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, баланд бардоштани савияи дониш, иттилоотнокии ҷомеа, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ, иҷрои ҳадафи чоруми миллии кишвар-саноатикунонии босуръат, пайвасти илм бо истеҳсолот ва рушди минбаъдаи низоми миллии моликияти зеҳнӣ чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявии зеринро, аз қабили Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон барои солҳои 2019-2020», Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Озмун-фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти шиори «Ҷавонон муҳаррики инноватсия» ва намоишгоҳи дастовардҳои наврасон ва ҷавонони ҷумҳурӣ, силсилаи ҳамоишҳо дар мавзўи «Муаррифии ихтироот ба истеҳсолот», Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Моликияти зеҳнӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ» ва силсилаи семинар-машваратҳоро дар соҳаи моликияти зеҳнӣ дар мавзӯи “Асосҳои моликияти зеҳнӣ” бо пешниҳоди тақдимҳои гуногун барои доираи васеи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муҳассилини мактабҳои таҳсилоти ҳамагонаи шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ, муассисаҳои таълимии хусусӣ, муассисаҳои дарёфти рушди истеъдодҳо ташкил ва баргузор намуд.

Хамчунин дар ин давра Муассиса оид ба таъмини рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ бо Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ, идораҳои патентии Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ва хориҷи дур, корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

Тибқи маърӯзаи пешниҳодгардида, маълум гардид, ки дар соли 2021 ба Муассиса 121 ариза барои гирифтани нахустпатент ба ихтироъ, 9 адад ариза барои гирифтани патент ба ихтироъ, 6 адад ариза барои гирифтани патенти Авруосиёгӣ ворид гардидааст.

 Шумораи патентҳои авруосиёгӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин давра эътибор доранд, 6459 ададро ташкил медиҳанд.

Дар давраи ҳисоботӣ, тибқи бақайдгирии байналмилалии низоми Гаага бо нишондоди Ҷумҳурии Тоҷикистон 42 ариза ба намунаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмуъ аз давраи ҳамроҳшавӣ ба низоми Гаага, 843 арзнома бо нишондоди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ки аз ин миқдор 599 адади он ба қайд гирифта шудааст.

Барои ба қайд гирифтани тамғаи молӣ бо расмиёти миллӣ 593 дархост ба Муассиса ворид шудааст, ки аз ин миқдор 253 дархост аз арзномадеҳони миллӣ ва 340 дархост ба арзномадеҳони хориҷӣ таалуқ доранд.

Дар давраи ҳисоботӣ, ба Муассиса 2022 дархости бакайдгирии байналмилалии тамгахои моли ворид шудааст. Аз санҷиши нишони арзшуда 2671 дархост гузаштааст. Аз нишондоди мазкур 1716 дархост пурра ба қайд гирифта шуда, 254 дархост бо дискламатсия, 184 дархост қисман ба қайд гирифта шуда 517 дархост пурра рад шудаанд.

Дар соли гузашта, аз ҷониби  Муассиса 591 рисолаҳои илмии олимон (509 рисолаи номзадӣ, 36 рисолаи докторӣ ва 46 рисолаи доктории Phd), ба қайд гирифта шудааст.

Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ, ба Муассиса 7217 ҳуҷҷат, аз вазорату идораҳо ворид гардид, ки нисбат ба ҳамаи онҳо мактубҳои ҷавобӣ ва хулосаҳои зарурӣ дар маҷмуъ 7289 ҳуҷҷат ирсол гардидааст.

Дар анҷоми ҷаласа муовини сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Қудратов  суханронӣ намуда, дар маҷмуъ фаъолияти солонаи Муассисаро бо назардошти дастовардҳо, мусбӣ арзёбӣ намуд.

Ҳамчунин Директори Муассиса Мирзо Исмоилзода дар фарҷоми ҷаласа аз рӯи натиҷаҳои бадастомада ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ дастуру супоришҳои дахлдор дода, ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳа таклифу пешниҳодҳоро ба кулли кормандони Муассиса барои пешдасти кор намудан, манзур намуданд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!