Бо дархости Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон муҳтарам Амонзода Илҳом Темур аз санаи 9 – декабри соли 2021 то 20 – январи соли 2022 барои омӯзгорони ин Донишгоҳ аз ҷониби Кафедраи ҳифзи объектҳои моликияти саноатии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту-иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон курси кутоҳмуддат дар мавзӯи «Ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ» гузаронида шуд.
Дар курси омӯзишии кутоҳмуддат 20 нафар омӯзгорон аз факултетҳои технология ва дизайн, муҳандиси технологӣ, технологияҳои иттилоотӣ, менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ ва Маркази технологияи компютерӣ иштирок намуданд.
Пас аз ба итмом расидани курс 13 нафар бо сертификат сарфароз гардонида шуданд.










