23-юми феврали соли ҷорӣ дар толори Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбарияти Муассиса ва кормандон ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Директори Муассиса М.Исмоилзода бо сухани ифтитоҳӣ кулли кормандонро бо Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, қайд карданд, ки санаи 23 феврали соли 1993 пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Артиши миллии худро таъсис дода, оромию осудагӣ ва амнияти кишварро таъмин намуд.
Ҳарчанд ки Артиши миллии мо пас аз соҳибистиқлолии давлати ҷавонамон дар вазъияти ниҳоят мушкили иқтисодиву иҷтимоӣ таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби Роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ҷузъу томҳои он дар як муддати начандон тулонӣ барои ҳифзи марзу бум ва дастовардҳои истиқлоли кишвар омода гардиданд.
