Аз 3 то 11 марти соли 2022 Намоишгоҳ ва Конфронси мавзӯии Хадамоти федералии моликияти зеҳнии Федератсияи Россия (Роспатент) ва Идораи патентии Авруосиёгии Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ дар “Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO 2020 Dubai” дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гашта истодааст.
Дар Намоишгоҳи мазкур Директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода М. ба таври маҷозӣ ширкат варзида, дар рафти суханронӣ ҳозиринро бо ташкил ва баргузории Намоишгоҳ ва Конфронси “Моликияти зеҳнӣ – сармояи оянда” табрик намуданд.
Дар доираи конфронс муњокимаи як қатор масъалаҳои муҳими рушди экосистемаи моликияти зеҳнӣ, ба мисли ҳамгироии авруосиёгӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, трансформатсияи рақамӣ, таҳлили патентӣ, афзоиши фаъолияти ихтироъкорӣ ва лоиҳаҳои таълимӣ дар назар аст