Санаи 19-уми марти соли ҷорӣ дар толори Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбарияти Муассиса ва кормандон ба муносибати ҷашни Наврӯзи оламафрӯз чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пуштибонии як қатор мамлакатҳои ҷаҳон ҷашни ниёгони тоҷикон Наврӯз санаи 19 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64 аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷашни байналмилалӣ эълон гардид ва дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

Директори Муассиса М.Исмоилзода бо сухани ифтитоҳӣ кулли кормандонро ба муносибати иди бостонӣ – Наврӯз табрику таҳният намуда, қайд карданд, ки Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон ва дигар мардумони ориёӣ аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона – дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!