Санаи 11-12 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи чилуми (дувоздаҳуми ғайринавбатӣ) Шӯрои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ ( ШМ ТПАО) баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа намояндагони ваколатдори давлатхои аъзо: ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Белорус, Федератсияи Россия ва Туркманистон  иштирок намуданд.

Бояд қайд намуд, ки роҳбарии Шӯрои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиёгиро барои солҳои 2021-2022 Ҷумхурии Тоҷикистон ба зимма дошта, ҷаласаро намояндаи ваколатдор аз Ҷумхурии Тоҷикистон дар шӯрои мазкур Директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумхурии Тоҷикистон Мирзо Исмоилзода роҳбарӣ намуд.

Дар ҷаласаи мазкур аз ҷониби аъзои Шӯро ҳисоботи солонаи Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ дар соли 2021, буҷети ТПАО барои соли 2022, Низомномаи молиявии Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ ва Низомнома дар бораи боҷҳои ТПАО муҳокима гардида, тасдиқ карда шуд. Ҳамчунин дар ҷаласа масъалаҳои гузошташудаи Идораи патентии Авруосиёгии Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ вобаста ба иҷрои вазифаҳои мақомоти ҷустуҷӯии байналмилалӣ, кӯмаки ТПАО ба идораҳои миллии патентӣ барои васеъ намудани имкониятҳои технопаркҳои миллӣ оид ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ  ва дигар масъалаҳо баррасӣ карда шуд.

Санаи 12 апрели соли ҷорӣ аз ҷониби Агентии давлатии иттилоотии “ТАСС”–и Федератсияи Россия вобаста ба ҷаласаи чилум (дувоздаҳуми ғайринавбатӣ)-и Шӯрои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони ваколатдори давлатҳои аъзо оид ба натиҷаи ҷаласаи мазкур ба хабарнигорон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!