Имруз санаи 26 апрели соли ҷорӣ дар толори Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ, таҳти унвони «Моликияти зеҳнӣ ва ҷавонон: Инноватсия барои ояндаи беҳтар», ки ҳамасола дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, бо иштироки муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода А.С., Директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода М.Ҳ., намояндгони вазоратҳои фарҳанг, кишоварзӣ, маориф ва илм, намояндаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, кормандони Муассиса ва ихтироъкорону молистеҳсолкунандагони ватанӣ баргузор гашт.
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода А. чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ табрику таҳният намуданд.
Абдураҳмонзода А. қайд намуданд, ки Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ аз оғози фаъолият, ҷиҳати татбиқи афзалиятҳои сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, махсусан ҳифзи манфиатҳои давлатӣ дар соҳаи обектҳои моликияти саноатӣ, ҳамоҳангсозӣ, дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ, иттилоотнокии ҷомеа ва рушди соҳа як қатор корҳои муҳимро иҷро намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо назардошти ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд, яъне давраи саноатикунонии босуръати кишвар талабот ва таваҷҷуҳ ба соҳаҳои илм, маориф, инноватсия, ихтироъкорӣ, махсусан ба татбиқи ихтироот дар истеҳсолот рӯз ба рӯз афзоиш меёбад.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз дастовардҳои ихтироъкорони моро дар арсаи байналмилалӣ эътироф менамоянд ва ҳамчунин бо ҷоизаҳои олӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Исмоилзода М. дар суханронии худ вобаста ба вазъи соҳаи моликияти зеҳнӣ дар кишвар маълумот дода, қайд карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои сиёсати рушд ва тараққӣ додани иқтисодиёти кишваро дар соҳаи моликияти зеҳнӣ равона намуда, дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ихтироъкорон, навоварон ва дигар шахсони эҷодкорро дар қаламрави кишвар ва берун аз он таъмин менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қаттор Созишномаву Шартномаҳо ва Конвенсияҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти зеҳнӣ ҳамроҳ гардида, бо Идораҳои патентии давлатҳои ҷаҳон бо мақсади рушди ҳамкории минбаъда Ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонид.
Бо шарофати имкониятҳои фароҳамовардаи Истиқлоли давлатӣ ва андешидани тадбирҳои судманд аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майлу рағбати ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва ихтироъкорию навоварӣ сол аз сол зиёд гардида истодааст.
Ҳамчунин аз давраи фаъолияти Муассиса, яъне аз соли 1993 то ин ҷониб бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ихтироъкорону навоварон, олимону эҷодкорон аз ҷониби Муассиса дар ду сол як маротиба Озмуни ҷумҳуриявии “Ихтироъкори беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида мешавад, ки то ба имрӯз 22 ихтироъкори Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби медали тилоии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, 14 нафар соҳиби медали тиллоии ба номи В.И. Блинникови Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ («Барои саҳмгузорӣ дар фаъолияти ихтироъкорӣ ва патентӣ») ва 26 нафар ихтироъкорони ҷумҳурӣ соҳиби “Нишони фахрӣ”-и Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд.
Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ, рушди минбаъдаи низоми миллии моликияти саноатӣ, механизми амалигардонии сармояи зеҳнӣ, ташкили инфрасохтори дастгирӣ, усулҳои ҳавасмандгардонӣ, ташкили заминаи ҳуқуқии тиҷоратикунонии моликияти зеҳнӣ ва равандҳои инноватсионӣ, дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои давлатӣ тадбирҳои мушаххасро ба нақша гирифтааст.
Инчунин дар ҷараёни чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ширкат дошта, табрикоти худро ба кормандони соҳаи моликияти зеҳнии кишвар ва ҳозирин баён намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби Муассиса яқ катор ихтироъкорон ва молистеҳсолкунандагони ватанӣ барои саҳми назаррас гузоштан дар рушди соҳаҳои ихтироъкорӣ ва истеҳсолии кишвар қадрдонӣ карда шуданд.