Санаи 25-27 майи соли равон Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварони ҷавон дар шаҳри Великий Новгороди Федератсияи Россия баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур ихтироъкорон ва навоварон аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат варзиданд.
Аз ҷониби ихтироъкорони кишвар 8 лоиҳаи эҷодӣ ва инноватсионӣ пешниҳод гардид, ки дар натиҷа, ду нафар ихтироъкорон ба таврӣ ҳузурӣ дар Форуми мазкур натиҷаи кори эҷодии худро пешкаши ҳозирин намуданд, аз ҷумла лоиҳаҳои Олимбойзода Парвинаи Ахмадбек «Таркиби нави композитсияи шустушӯӣ барои шустани матои рангкардашуда» ва Сулаймонӣ Ҳабиби Нарзуллозода «Усули дарёфти ваксина барои пешгирии бемории брутселлёз»