Санаи 27 майи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбарият ва кормандон китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров шарҳ дода шуд.
Директори Муассиса ҷаласаро ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба таври фишурда сухан ронда, иброз дошт, ки мутолиаи он барои баланд бардоштани руҳияи хештаншиносӣ ва ватандустии наврасону ҷавонон муҳим мебошад.
Бояд қайд намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ китоби “Тоҷикон” ба ҳар як оилаи тоҷик тариқи ройгон тақдим гардид.
Ҳамчунин, директори Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассиса Холиқов Т. дар ин бора шарҳи мухтасар дода, қайд намуданд, ки дар ин шоҳасар таърихи ҳалқи тоҷик муфассал ва давра ба давра дарҷ шудааст.
Инчунин дар ҷамъомад Директори Муассиса Исмоилзода М. кормандони Муассисаро бо рӯзи таъсисёбии Муассиса, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 1993, №242 дар заминаи собиқ Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии иттилооти илмӣ-техникӣ ва тадқиқотҳои техникӣ – иқтисодии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, табрик намуданд. Директори Муассиса дар баромади худ тамоми кормандонро ба муносибати 29-умин солгарди таъсисиёбии Муассиса таҳният намуда, оид ба дастовардҳо ва пешравиҳо аз санаи таъсисёбӣ то ба имрӯз ёдовар шуд. Ҳамзамон ба ин муносибат дар рафти ҷамъомад кормандони собиқадор ба ҳамаи нишастагон таманниётҳои худро баён карданд.
Муассиса ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ бо мақсади татбиқи афзалиятҳои сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, махсусан ҳифзи манфиатҳои давлатӣ дар соҳаи объектҳои моликияти саноатиро ба зимма дошта, барои ҳамгироии нерӯи миллии зеҳнӣ, ки ба рушди эҷодиёт, ихтироъкорӣ, соҳибкорӣ ва устувории иқтисодии кишвар мусоидат менамояд, фаъолият менамояд.