Имрӯз санаи 31 майи соли ҷорӣ дар назди Директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек маросими ҷоизасупорӣ ва қадрдонии ихтироъкори кишвар Давлатмамадова Мавлуда доир гардид.
Бояд тазаккур дод, ки санаи 11-12 майи соли равон дар шаҳри Катовитсеи Ҷумҳурии Полша Намоишгоҳи байналмилалии ихтироот ва инноватсия “INTARG 2022” баргузор гашт.
Дар ин чорабинӣ 150 нафар ихтироъкорон ва навоварон аз 50 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.
Ихтироъкори тоҷик Давлатмамадова Мавлуда бо ихтирои худ “Малҳам барои табобати бемориҳои аллергии пӯст” бо медали тиллои намоишгоҳ ва ҳамчун ихтирои беҳтарин “The best invention” аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ифтихорнома, сарфароз гардид.