Санаи 1 июни соли 2022 дар толори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандон тамошои филми «Шикасти фитна» баргузор гардид, ки дар натиҷа аз мӯҳтавои он ибрози андеша баён гардид.

Қайд гардид, ки ҳар яки моро зарураст, ки дар пайравӣ аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиракии сиёсиро аз даст надода, сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Хоинону бадхоҳони миллат дар тӯли таърих ҳеч гоҳе ба марому мақсадҳои нопоки хеш нарасидаанд ва амалҳои зишту ноадолатонаи ингуна афрод дар таърихи кишвар мемонанд.

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!