Санаи 1 июни соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Директори Муассиса Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек, муовинон, муаллим-таърихшиноси Донишгоҳи давлатии омузгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Маҳмудзода Суханвар, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Муассиса хониши дастаҷамъонаи шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» сурат гирифт.
Бояд қайд намуд, ки китоби мазкур бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба ҳар як оилаи тоҷик тариқи ройгон тақдим карда шуд.
Директори Муассиса муҳтарам Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек дар ҷамъомади мазкур суханронӣ намуда, қайд карданд, ки сарзамини Тоҷикистони имрӯза таъриху маданияти қадима дорад, ки осорҳои хаттӣ, санъат, меъморӣ, шаҳрсозӣ, ақидаҳои илмӣ ва анъанаҳои иҷтимоӣ исботи он аст. Мардуми тоҷик аз қадимулайём китобдор ва китобдӯст мебошад.
Бинобар ин, мо низ бояд дар мутолиаи ин асари барҷаста фаъол бошем ва онро дар оилаи худ тавсиф кунем, то ки фарзандонамон аз таърихи ниёгони мо бархурдор бошанд.
Дар идомаи чорабинӣ таърихшиноси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Маҳмудзода Суханвар ба ҳозирин аз қадим, миёнақадим ва имрӯзаи халқи тоҷик васф намуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки дар мутолиаи ин асари гаронбаҳо пешсафиро ихтиёр намоянд.