Санаи 8 июни соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии  «Нерӯи Зеҳнӣ»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.

Ҳамоиш бо иштироки роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ – Хонов Абдураҳмон, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Каримзода Нилуфар,  мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Ҳамидзода Насимҷон, раиси Кумитаи ироияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Гулаҳмадзода Зулфиқор ва кормандони Муассиса доир гардид.

Раиси ташкилоти ибтидоии “Нерӯи зеҳнӣ”-и КИ ҲҲДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Исмоилзода Мирзо дар назди аъзоёни ташкилот ва ҳизбиён ҳисобот дода, аз дастовардҳои даврони Истиқлоли ҷумҳурӣ, ташаббусҳои созандаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирӣ ва кӯмак ба ниёзмандон, пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, таҳкими иқтидори нерӯи зеҳнӣ дар ҷумҳурӣ, рушди илм дар кишвар қайд намуда, инчунин ёдовар шуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун мактаби низоми сиёсӣ дар ташаккули сиёсии шахс таъсири созанда дорад. Дар музокира ҳисобот қаноатбахш арзёбӣ гардид. Сипас раёсати ташкилот, раис ва муовини ӯ, масъулини комиссияҳои ҷамъиятии назди ташкилот, роҳбари намояндагии ТФФ “Созандагони Ватан” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо пешниҳод ва овоздиҳии якҷоя интихоб гардиданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода низ суханони Исмоилзода М.-ро ҷонибдорӣ намуда, дар якҷоягӣ оид ба мавқеи арзандаи ҲХДТ дар рушди ҷомеаи Тоҷикистон изҳори назар карданд.

Сипас Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ – Хонов Абдураҳмон  суханронӣ намуда, оид ба татбиқи Барномаи ҲХДТ, дастгирии ҳадафмандонаи сиёсати созандаи раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани иродаи сиёсии халқ, ҳамбастагиву ҳамовозии созанда дар рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ, тарғиби идеологияи солими миллӣ, тарбияи шахсияти худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ва ба камол расонидани фардеро, ки равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯзаро дошта бошад ҳарф заданд.

Ҳамзамон дар рафти ҷаласа тибқи тартиби муқарраргардида интихоби раис, муовини раис ва котиби ташкилоти ибтидои «Нерӯи Зеҳнӣ»-и ҲХДТ, инчунин интихоби вакилон барои иштирок намудан дар конференцияҳои ҲҲДТ  баргузор гардид.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!