Санаи 9-10 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия ҷаласаи 15-уми Конгресси ҳуқуқии Авруосиёӣ «Байналмилаликунонии илми ҳуқуқӣ ва маориф» баргузор гардид, ки дар кори он Вализода Шавқат Шаробудин – муовини аввали Директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
Дар ҷаласаи мазкур зиёда аз 700 нафар намояндагони касбу кори гуногун аз кишварҳои минтақа ширкат варзиданд.
Мавзуҳои кори Конгресс асосан ба таҳким ва рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла соҳаи моликияти зеҳнӣ равона гардида, иштирокчиён вобаста ба паҳлуҳои гуногуни ин масъалаҳо мубодилаи афкор намуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар ин ҳамоиш Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ Ивлиев Григорий Петрович низ иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар рафти чорабинӣ Вализода Ш. бо намояндагони касбу кори гуногун, иштрокчиёни ҷаласа суҳбатҳои судманд анҷом дод.
Иштироки намояндаи муассиса дар ин чорабинии сатҳи баланд ба густариши танзими муносибатҳои ҳуқуқии низоми моликияти зеҳнӣ мусоидат менамояд.