Санаи 14 июни соли ҷорӣ дар толори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти муассиса, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – майори адлия Акбарзода Нурмуҳаммад ва ҳайати кормандон ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба баҳодиҳӣ ва бартараф намудани хавфҳои коррупсионие, ки дар фаъолияти Муассиса ҷой доранд, чорабинии фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Чорабиниро муовини аввали директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо Вализода Шавқат Шаробудин ифтитоҳ бахшида, суханро ба намояндаи Агентӣ – майори адлия Акбарзода Нурмухаммад доданд.
Акбарзода Нурмуҳаммад дар баромади худ доир ба ҳолатҳои бавуҷудоварандаи кирдори коррупсионӣ, механизми ошкорсозии кирдорҳои коррупсионӣ, муносибатҳо ва ҳаракатҳое, ки ба ҷинояти коррупсионӣ оварда мерасонад, инчунин дигар паҳлуҳои пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ шарҳу тавзеҳот доданд. Инчунин изҳор намуданд, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз омилҳои халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодӣ эътироф гаштааст.
Бояд қайд кард, ки мақсади асосии чорабинӣ ин баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа, бахусус кормандони Муассиса дар самти пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ мебошад.