Имрӯз дар толори Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Директори Муассиса Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек, роҳбарият ва кормандон  ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ сурат гирифт.

 Исмоилзода М. чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният намуданд.

Дар суханронии худ Директори Муассиса иброз намуданд, ки ҷашни Ваҳдати миллӣ – яке аз дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта, вақте ки Тоҷикистон нахуст ба истиқлолият расида буд ва мардуми мо нахустин пояҳои бинои давлатдории муосири худро мегузоштанд, бадхоҳону хоинони миллати тоҷик кишвари моро ба низоъи дохилӣ, муқовимати сиёсӣ ва мухолифати мусаллаҳона гирифтор карда, дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистони тозаистиқлолро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Ҷанги даҳшатноки таҳмилӣ, ки қариб панҷ сол идома ёфт, боиси ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони мо, гуреза шудани зиёда аз як миллион нафар ҳамватанонамон ва харобу валангор шудани даҳҳо ҳазор манзили зист, мактабу беморхона ва дигар муассисаҳои иҷтимоиву иншооти ҳаётан муҳим гардид.

Бисту панҷ сол қабл, яъне санаи 27 июни соли 1997 бо Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расонида шуд.

Дар баробари барқарор гардидани сулҳу субот дар ҷомеа мо имконият пайдо кардем, ки тарҳрезиву татбиқи барномаву нақшаҳои муҳимтарини иқтисодиву иҷтимоиро бо мақсади таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат оғоз карда, чорабиниҳои муҳими  сиёсиву фарҳангиро дар фазои озоду демократӣ баргузор намоем.

Дар ин замина мо бояд ба ваҳдату истиқлолияти кишварамон  ҳамчун дастоварди  бузурги миллӣ арҷу эҳтиром дошта бошем. Ваҳдати миллӣ бо заҳмату талошҳои  хеле сангини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – ­Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби миллати сарбаланди тоҷик гардидааст.

Дар чунин шароит мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки мардуми кишвар, аз ҷумла ҷавонон ба қадри неъмати бузурги истиқлолияту озодӣ расанд, ваҳдати миллиро ҳамчун самараи даврони соҳибистиқлолӣ  гиромӣ доранд ва барои ҳифзи ин дастовардҳои таърихӣ ҳамеша омода бошанд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!