Санаи 7 июли соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдо – Абдулвориси Вафо, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Муассиса вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти Муассиса дар нимсолаи аввали соли 2022 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ ҷаласа баргузор гардид.
Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии Директори Муассиса муҳтарам Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек оғоз гардида, тибқи маъруза доир ба дастовардҳо ва ҷамъбасти натиҷаҳои бадастомадаи кории Муассиса дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби муовини аввали Директори Муассиса – Вализода Шавкат Шаробудин дар шакли рӯнамо гузориши муфассал пешниҳод карда шуд.
Қайд гардид, ки вобаста ба тақвияти соҳа, таъмини рушди нишондиҳандаҳои моликияти саноатӣ, баланд бардоштани сифати кору хизматрасонӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин давра корҳои назаррас иҷро шуд.
Таъкид карда шуд, ки дар ин давра Муассиса пеш аз ҳама таваҷҷуҳи асосии худро ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пайвасти ихтироот ба истеҳсолот ва ташаккули захираи миллии иттилоотӣ ва пешгирии ҳолатҳои асардуздӣ равона намуда, ҷиҳати беҳтар намудани фаъолият ва пешбурди низоми самараноки корӣ, инчунин таъмини иҷрои сифатноки супоришҳои Ҳукумати мамалакат иҷрои як қатор нақшаҳои муайянро ба сомон расонид.
Дар давраи ҳисоботӣ бо ташаббус, мусоидат ва ҳамоҳангсозии Муассиса иштироки ихтироъкорон ва навоварони кишвар дар озмун ва намоишгоҳҳои гуногуни байналмилалӣ таъмин карда шуд, ки дар натиҷа иштирокчиён соҳиби ҷойҳои намоён ва сазовори ҷоизаҳо гардиданд.
Тибқи гузориши ҳисобот афзуда шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2022 новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна ба рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, рушди нишондиҳандаҳои соҳаи моликияти саноатӣ таъмин карда шуд.
Ҳамин тариқ, аз рӯи ҷамъбасти ҳисобот дар ин давра ба Муассиса 94 ариза барои гирифтани нахустпатент ба ихтироъ ворид гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 адад (24%) зиёд мебошад.
Ҷиҳати ба қайд гирифтани тамғаҳои молӣ бо расмиёти миллӣ дар ин давра 321 ариза ба Муассиса ворид шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19 адад (6,2%) зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ бо расмиёти байналмилалӣ 933 дархост барои бақайдгирии тамғаи молӣ ба Муассиса ворид гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 150 адад (-14%) кам мебошад. Дар ин муддат ба 1305 дархост санҷиши нишони арзшуда гузаронида шудааст, ки шумораи умумии санҷишҳои гузаронидашуда нисбат ба ҳами давраи соли 2021-ум 44 адад (3,5%) зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Муассиса ба аризадиҳандагон 518 ҳуҷҷати муҳофизатии объектҳои моликияти саноатӣ дода шуд, ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 адад (1,4%) зиёд мебошад.
Аз шумораи умумии ҳуҷҷатҳои додашуда 15 адад патент ба ихтироъ (3 адад зиёд нисбат ба ҳамин давраи соли 2021), 260 адад нахустпатент ба ихтироъ (36 адад зиёд нисбат ба ҳамин давраи соли 2021) ва 243 ададро шаҳодатнома ба тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ (32 адад кам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021) ташкил медиҳад.
Дар анҷоми ҷаласа сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Абдулвориси Вафо суханронӣ намуда, дар маҷмуъ фаъолияти Муассисаро дар ин давра бо назардошти дастовардҳои муҳимми соҳа мусбӣ арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин, Директори Муассиса бо таъкид аз натиҷаҳои бадастомада ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ дастуру супоришҳои дахлдор дода, ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳа таклифу пешниҳодҳои муфид манзур намуд.