Санаи 14-22 июли соли 2022 дар қароргоҳи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҷаласаи 63-уми Ассамблеяи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) баргузор гардида истодааст.

Дар кори Ассамблея роҳбарони Идораҳои патентии кишварҳои аъзои СУМЗ тариқи маҷозӣ ва ҳузурӣ иштирок доранд ва ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода М.Ҳ. дар ин Ассамблея тариқи ҳузурӣ иштирок намуда истодаанд.

Дар чорабинии мазкур масъалаҳо доир ба самтҳои ихтироот, намунаҳои саноатӣ, ишораҳои ҷуғрофӣ, тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ ва дигар ҷанбаҳои моликияти зеҳнӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта истодаанд.

Дар Ассамблея Директори Муассиса вобаста ба вазъи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, зикр карданд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моликияти зеҳнӣ зина ба зина рушд карда истодааст ва дар ин замина як қатор барномаҳои давлатӣ махсусан Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардида, марвиди амал қарор дорад.

Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози гуруҳи CACEEC (Гуруҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қавқоз ва Аврупои Шарқӣ) буда, дар доираи Ассамблея ҷаласаҳои гуруҳро Директори Муассиса Исмоилзода М. роҳбарӣ намуда истодааст.

Ҳамчунин ҳамкориҳои Муассиса бо воҳидҳои сохтории СУМЗ барои оянда мавриди баррасӣ қарор дода шуда, бо як қатор Идораҳои патентии кишварҳои Ҳиндустон, Узбекистон, Беларус ва дигар давлатҳо барои рушди ҳамкориҳои мутақобила мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!