Санаи 15 августи соли равон таҳти раёсати директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек бо иштироки роҳбарияти Китобхонаи давлатии патентию техникӣ (КДПТ) ҷаласаи корӣ бо мақсади пурзур намудани корҳо дар самти рақамикунонии КДПТ баргузор гашт.

Исмоилзода Мирзо нахуст аз рафти корҳо дар самти рақамикунонии КДПТ аз роҳбарияти Китобхона маълумот гирифта, қайд карданд, ки масъалаи дастрас намудани техника ва технологияҳои инноватсиониро барои боз ҳам тезтар ба роҳ мондани низоми рақамии хизматрасонии Китобхона корбарӣ намоянд.

Бояд қайд намуд, ки ин иқдоми пешгирифтаи Китобхона дар заминаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» равона карда шудааст.

Ҳамзамон, Директори Муассиса барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барномаҳо ва стратегияҳои қабулгардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рақамикунонии фаъолият ба роҳбарияти Китобхона супоришҳои мушаххас доданд.    

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!