Санаи 19 августи соли 2022 дар толори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Директори Муассиса Исмоилзода Мирзо, роҳбарият, кормандон ва ихтироъкорон ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон сурат гирифт.
Нахуст, Директори Муассиса Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек ҷамъомадагон ва дар симои онҳо тамоми ихтироъкорон ва навоварони кишварро ба ифтихори Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи август бо ифтихору сарфарозӣ ҷашн гирифта мешавад, самимона табрик намуданд.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки моликияти зеҳнӣ яке аз сарватҳои пурарзиштарини кишвар ва пояи муҳимтарини иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, Ҳукумати кишвар зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин самт диққати махсус медиҳад.
Боиси хушнуди аст, ки бо шарофати имкониятҳои фароҳамовардаи Истиқлоли давлатӣ ва андешидани тадбирҳои судманд аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майлу рағбати ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва ихтироъкорию навоварӣ сол аз сол зиёд гардида истодааст.
Зеро, бо назардошти ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд, яъне давраи саноатикунонии босуръати кишвар талабот ва таваҷҷуҳ ба соҳаҳои илм, маориф, инноватсия, ихтироъкорӣ, махсусан ба татбиқи ихтироот дар истеҳсолот рӯз ба рӯз афзоиш меёбад.
Имрӯзҳо Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар асоси дастуру супоришҳои мунтазами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии ихтироъкорон ва беҳтар намудани сифати экспертизаи ихтироот бо ҷалби коршиносони мустақил аз тамоми воситаҳои имконпазир истифода бурда истодааст.
Бахусус, мунтазам озмуни ихтироъкори беҳтарин барои давраҳои муайян гузаронида шуда, дар доираи он ҳамасола шумораи зиёди ихтироъкорон барои дастовардҳои назаррасашон бо медали ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ, нишонҳои муассиса ва мукофотҳо қадрдони карда мешаванд.
Иштироки ҷавонони навовар ва ихтироъкорон дар озмунҳои байналмилалӣ барои баланд бардоштани шавқу рағбати онҳо ба фаъолияти навоварию ихтироъкорӣ мусоидат менамояд.
Бо ташаббус, мусоидат ва ҳамоҳангсозии Муассиса ҳамасола иштироки ихтироъкорон ва навоварони кишвар дар озмун ва намоишгоҳҳои гуногуни байналмилалӣ таъмин мегардад, ки дар натиҷа онҳо соҳиби ҷойҳои намоён ва ифтихорӣ гардида истодаанд.
Бахшида ба “Рузи ихтироъкорон ва навоварон” ба ихтироъкорон туҳфаҳои хотирави супорида шуда, ба онҳо дар ҷоддаи навоварӣ рӯҳияи хастанопазир ва комёбию кашфиётҳои беназир тамано карда шуд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа ихтироъкорон ҷиҳати дастгирии пайваста ва мусоидат барои пешбурди фаъолияти ихтироъкорӣ ба роҳбарият ва кормандони муассиса изҳори сипос намуданд.


















