Санаи 23-24-уми августи соли равон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯи «Асосҳои моликияти зеҳнӣ» аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои доираи васеъи омӯзгорони донишгоҳҳо, ихтироъкорону навоварон, соҳибкорон, олимон ва инчунин кормандони мақомоти ҳокимияти давлатии ВМКБ баргузор гардид.
Аз ҷумла, тақдимҳо вобаста ба масъалаҳои тартиби бақайдгирии тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ, ихтироот ва бақайдгирии давлатии рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ба иштирокчиёни семинар пешниҳод карда шуд.
Дар семинар-машварат самти ҳифзи ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла ихтироот, тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ, инчунин дигар объектҳои моликияти зеҳнӣ якҷо бо иштироккунандагон мавриди муҳокима қарор гирифта, суҳбати озод доир гардид