Санаи 30 августи соли 2022 ҷаласаи 12-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ бо иштироки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) тариқи маҷозӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарони Идораҳои патентии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, инчунин Кумитаи иҷроияи ИДМ, Идораи патентии Авруосиёӣ ва Комиссияи иқтисодии Авруосиёӣ иштирок намуданд.
Роҳбарони Идораҳои патентӣ оид ба вазъи моликияти зеҳнӣ аз ҷумла ҳимоя ва ҳифзи соҳаи моликияти зеҳнӣ ва чораҳо ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои самти моликияти зеҳнӣ дар асоси бандҳои дахлдори Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ ҳисобот пешкаш намуданд.
Дар чорабинии мазкур Директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Исмоилзода иштирок намуда, қайд намуданд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои мушаххас оид ба мукаммалгардонии низоми ҳифз ва ҳимояи моликияти зеҳнӣ дар асоси Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба анҷом расонида шудааст.