Санаи 29 сентябри соли 2022, 26-умин Конфронси байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони «Моликияти зеҳнӣ ҳамчун шарти асосии таъмини мустақилияти технологии Федератсияи Россия» дар Хадамоти федералии моликияти зеҳнии Федератсияи Россия (Роспатент) дар формати гибридӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо – Исмоилзода Мирзо, сармутахассиси раёсати санҷиши давлатии ихтироот ва намунаҳои саноатии Муассиса – Шарипова П. ва мутахассиси Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иттилооти Муассиса – Каримова Н. тариқи маҷозӣ иштирок намуданд.

 Исмоилзода М. дар суханронии худ, нахуст роҳбари Хадамоти федералии моликияти зеҳнии Федератсияи Россия (Роспатент) Зубов Юрий Сергеевичро ба муносибати 67-умин солгарди таъсисёбии Роспатент табрик намуда, дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулият баҳри рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ бурдбориҳо таманно намуданд.

Инчунин вобаста ба вазъи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, баён намуданд, ки соҳаи мазкур дар кишвар таҳти сиёсати хирадмандона ва таваҷҷуҳи бепоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зина ба зина рушд карда истодааст ва дар ин замина як қатор барномаҳои давлатӣ, бахусус Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардида, марвиди амал қарор дорад.

Дар фарҷоми сухан, Директори муассиса аз ҳамкориҳои дуҷонибаи Муассиса ва Роспатент изҳори қаноатмандӣ баён намуда, барои боз ҳам таҳким ва тавсеа додани муносибатҳои минбаъда омодагии худро баён намуданд. 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!