Санаи 4 октябри соли ҷорӣ дар толори Муассиаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Муассиса маҳфили фарҳангӣ-маърифатӣ таҳти шиори “Муҳаббату эҳтиром – асоси зиндагӣ” бо иштироки муовинони ректори донишгоҳу донишкадаҳои олии пойтахт, мудирони шуъбаву бахшҳои кор бо занон ва оилаи ноҳияҳои пойтахт, кормандони муассиса, занони ихтироъкори кишвар, оилањои намунавии пойтахти кишвар ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо баргузор гардид.
Инчунин, дар доираи чорабинии мазкур намоишгоҳи занҳои ихтироъкори тоҷик доир гардида ва дар ин замина бонувони ихтироъкор ва оилаҳои намунавии кишвар аз ҷониби Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардонида шуданд.