20 октябри соли 2022 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус 2-юмин Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ таҳни унвони «Моликияти зеҳнӣ дар ҷаҳони муосир: мушкилоти имрӯза ва равандҳои рушд» баргузор гардид, ки дар ин чорабинӣ Муовини аввали Директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Шавқат Шаробудин иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар чорабинии мазкур роҳбарони идораҳои патентии кишварҳо, намояндагони ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ дар самти моликияти зеҳнӣ ва доираи васеи намояндагони институтҳои илмию таҳқиқотӣ тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок карданд.

Зимни суханронӣ Вализода Шавқат баён намуд, ки соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандона ва таваҷҷуҳи бепоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зина ба зина рушд карда истодааст ва дар ин замина як қатор барномаҳои давлатӣ, бахусус Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардида, марвиди амал қарор дорад.

Дар фарҷоми суханӣ, Вализода Шавқат Шаробудин барои даъват ҷиҳати иштирок дар чорабинӣ ба масъулин изҳори сипос намуда, барои боз ҳам таҳким ва тавсеа додани муносибатҳои минбаъдаи мутақобилан судманд дар самти ҳалли масъалаҳои ҷойдошта ва рушди низоми моликияти зеҳнӣ даъват ба амал оварданд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!